Шаҳло
Сахифаи асоси
Дар бораи ман
Аксхо дар ёдхо
Бойгони_Сурду таронахои милли._Нахт_амри маъруф_нашид
Садои Ватан
Сухбат-хона (дини мубини ислом)
ШАРОРАИ ХОТИРАҲО ( БА ЁДИ ПАДАР)
Чат-Хона
чанд кас ворид шудаги(статистика)
Дустон мо
Нишон
Пурсиш
МУСЛИМИН сайти Исломи
Бисмиллох-сайти исломи
Сомонаи мустақилли «Фирдавсӣ"
Филмхои исломи
Салими Аюбзод
Радио Озоди
Шифо
Фарёди бесадо
ГАРМ
Туфони ишк
Торнигори Зафар Мирзоён
Cомонаи Васатият
WWW.TURAJON.COM
ВАХЁ
РУЗГОР
АХТАРИ ЗУЛМАТСУЗ
РУСТАМИ ВАХОБ
ХНИТ
=Ислом=Islam
РУЗХО ва РОЗХО
ОЙНА
ТОЧИКИСТОН
АДАБИЁТИ НИЁГОН
Фирдавси Аъзам
Қуръон.
Як дарвеш
ВАТАНДОР
Раъно Бобочонова
ПАЁМИ КУХИСТОН
Савти Қуръон ба Забони Тоҷики
Ислом дар Точикистон
ТОЧВАР
БОНУВОН
ТОЧИКИСТОН БЕХТАР АЗ ЧОН
Хамроз
Facebook
Ғазалиёт Лоик Шерали
islamHouse
ДОКТОР ТОХИРИ
Тоҷнет
Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ
ТАНЗИЛ (Кироати Куръон)
ТОЧИКОБОД-КАЛЪАИ ЛАБИ ОБ
Nisaun Форум барои хоҳарон
Интересные сайты

Посетители

Календарь
<
Апрель 2014
>
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Подписка
E-mail: 

Маркази Раштон кадом нохия аст.

Результаты опроса

Топ комментаторов
shahlo-m Шаҳло Махмудзода(Идиева)
Комментарии: 1013
gayrat2010 Gayrat Fayzullaev
Комментарии: 31
abduv AbduV Vohidov
Комментарии: 16

Другие сайты
malyatko24 Шандор Чурон
x-spyders-best x-spyders
lenakrivich Лена Кривич
lioubov Эли Селини
teppop-best Павел Курышев

Комментируемые записи
Шеърхои Исломи.
Сообщения: 199
МАВЛАВӢ ҶУНУНӢ
Сообщения: 63
Bo имя Aллaxa милocтивoгo...
Сообщения: 52
Дуъоҳо
Сообщения: 42
Ба номи Худованди Бахшоян...
Сообщения: 36

Вернуться на главнуюШаҳло / Сухбат-хона (дини мубини ислом) / Ислом / Шеърхои Исломи.

Шеърхои Исломи.

| К списку


Страница: [1] [2] [3] [4] [5] [6] [7] [8]
ДобавилТекст

shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
Шеърхои Исломи.
1849 дней назад 25.03.2009 09:21:32 Цитата('2657692','2657692','6','687')">Сообщить о спаме


Эй бародар тан фуруд овар ба Яздон саҷда кун,
Саҷда бошад амри ҳақ эй номусулмон саҷда кун.
Банда бе саҳву хато айбу нуқсон нест, нест,
Сар ниҳода бар замин бо чашми гирен саҷда кун.
Гуфт бо дил шуд зи бар моен Расули Мустафо,
То шавад аз ту ризо маъбуди Раҳмон саҷда кун.
Саҷда сози авф месозад Худо ҳар ҷурми ту,
Хоҳи гар еби наӌод аз нори сузон саҷда кун.
Саҷдаи ту мебарад охир туро суи биҳишт,
Мешавад он гаҳ ғуломат ҳуру ғилмон саҷда кун.
Офарид одам зи хок он дам Худованди карим,
Гуфт бар ҷамъи малоик назди инсон саҷда кун.
Сар кашид аз саҷдаи бесуз зи даргаҳ ронда шуд,
То нагарди душмани ҳақ ҳамчу шайтон саҷда кун.
Аслу наслат қатрае обест мағрури зи чист?
Хоксори пеша гиру назди субҳон саӌда кун.
Ҳар саҳар бархез бо саҷда Худоро ед кун,
Қалби ту равшан шавад аз нури имон саҷда кун.
Дар масал омад сари хамро набуррад дашнае,
То набурад гарданат шамшери даврон саҷда кун.
Ҳар яке даъвои насли оли Сомон мекунем,
Пас бие эй дуст ҳамчун оли Сомон саҷда кун.
Раҳбарони даври мо гуянд озод аст дин,
Пас баҳона чист эй гумроҳу нодон саҷда кун.
Ин ҳама нуру сафо аз файзи истиқлол бувад,
Баҳри ободии мулки Тоҷдорон саҷда кун.
Қорие коми тавони уммати арзанда бош ,
То шавад он шоҳи хубон шофеъи ту саҷда кун.


Намозе к-аз сари сидқу сафо нест,
Агар дар Каъба бигзори раво нест.

Гар ту мехоҳи мусулмон зистан,
Нест мумкин чуз ба Қуръон зистан.

Иззатписанди халқ ба хори намерасад,
Бо
ҳарки дар замона бувад некхоҳ шав.

Лекин чу ҳурмати ту надорад ту аз ғазоф,
Машкан зи ба
ҳри ҳурмати Ислом ҳурматаш.

Ҳар ки амал баҳри рие мекунад,
Пеши Худо че
ҳра сиеҳ мекунад.

Зинҳор аз қарини бад зинҳор,
Ва
қино Раббано азбонан нор.

Шукри неъмат, неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Эй соҳиби масъалаи роҳнамо,
Медон ба я
қин ки ломакон аст Худо.
Хо
ҳи ки туро кашф шавад ин маъно,
Чон дар баданат бубин кучо дораду чо.

Беҳтарин амал ки мавсуф аст,
На
ҳй мункару амри маруф аст.

Ҳар дарду балое ки аз осмон фитад,
Аввал ба лав
ҳи синаи соҳибдилон расад.

Дар ин олам дили беғам набошад,
Агар бошад дили одам набошад.

Бие эй ки умрат ба ҳафтод рафт,
Магар хуфта буди ки барбод рафт.
Зи панчо
ҳ дирҳам панч агар кам шавад,
Дилат реши сарпанчаи
ғам шавад.
Чу панчо
ҳ солат бурун шуд зи даст,
Ғанимат шумур панч рузе ки ҳаст.

Ҳайфи он умр ки дар ғафлату исен гузарад,
Ҳайфи он руз ки бе лаззати имон гузарад.
Ҳар ки ҳам чону ҳам амвол ба дуне бифурухт,
Охир аз олами се руза пушаймон гузарад.
Пеши иблис ҳама мардони чаҳон номарданд,
Мард он аст ки аз ин даҳр ба имон гузарад.
Назди мардум ҳама даъвои ғуломи доранд,
Банда он аст ки дар роҳи Ҳақ аз чон гузарад.
Аз гумони баду ғайбат чи муроде ҳосил,
Ҳайфи он умр ки бо ғайбати ерон гузарад.
Шайхи олам бикушо васфи Худованд намо,
То ки ин лаҳза ба хушнудии Раҳмон гузарад.


Ба вақти қабз гуфт Азроил ай Нуҳ,
Кашам аз қолаби ту ин замон руҳ.
Чи гуна ефти ин дори дунро?
Ки диди базму чархи нили гунро.
Бигуфташ ефтам чун қасри дудар,
Шудам дохил зи як хорич зи дигар.
Надидам ҳеч чизеро ба олам,
Назурда хушку лаб з-ин по кашидам.
Ба дастам аз гирифтан нест рангаш,
Ба дандонам зи хурдан нест рангаш.
Гузашт чун хоб чун хаеле,
Ба хотир нест чуз ранчу малоле.
Ҳаминдам донаму ин сахтии чон,
Ба фазли Ҳақ шавад ин мушкил осон.
Назар аввал ба ҳоли пешу пас кун,
Пас аз он давлати фони ҳавас кун.

Дило, ҳамвора таслими ризо бош,
Ба ҳар ҳоле, ки боши, бо Худо бош.
Худоро бош, агар марди Худои,
Макун бегонаги, гар ошнои.
Ҳадиси дузаху чаннат раҳо кун,
Парастиш хос аз баҳри Худо кун.
Туро бар ҳар ду гети баргузиданд,
Ҳам охир баҳри корат офариданд.
Зи ту чуз бандаги кардан нашояд,
Аз У чуз Худованди наеяд.
Дар ин дар ҳеч икроҳе набошад,
Аз ин беҳ ҳеч даргоҳе набошад.
Агар лофе зани ҳам лофи дин зан,
Ҳамеша даст дар ҳабл-ул-матин зан.
Ба ҳар коре мададгорат Худо ҳаст,
Далели роҳи динат Мустафо ҳаст.
(саллаллоҳу алайҳи васаллам)


Илохо то хаёт доред дар дини Худо бошед,
Мухиби хонадони хазрати хак Мустафо бошед.
Илохо гушатон сомеъ шавад амри илохиро,
Кабули кавли пайгамбар кунед дар хар кучо бошед.


Муноӌот
Ило
ҳи бадаи гум карда роҳам,
Тара
ҳҳум кун ба ин ҳоли табоҳам.
Гирифторам ба доми нафси
ғаддор,
Саропо
ғарқи ин дунёи мурдор.
Гуна
ҳкорам ба сад ҳоли табоҳе,
Равам суи ту бо ин русиё
ҳи.
Ба
ҳаққи ҳурмати зоти қадимат,
Ба авсофу ба асмои каримат .
Ба
ҳаққи нури поки кибриёи,
Ба
ҳаққи азмати номи Худои.
Ба
ҳаққи Одаму Ҳаввои барно,
Ба
ҳаққи тавбаи инно заламно.
Ба
ҳаққи Нуҳу навҳагиряи у,
Ба
ҳаққи рези ашки дидаи у.
Ба
ҳаққи сабри Иброҳим дар нор,
Ба он лутфе ки оташ гашт гулзор.
Ба
ҳаққи ӌуди Исмоилу Исҳоқ,
Ки
қурбон кард ӌон бар холиқи тоқ.
Ба
ҳаққи нолаҳои зори Яъқуб,
Ба ран
ӌи ғурбати Юсуф зи ошуб.
Ба
ҳаққи Зикриёи арра бар сар,
Ба оби дидаи Я
ҳё паёмбар.
Ба
ҳаққи Юнус андар батни моҳи,
Ба он тавба, надомат, узрхо
ҳи.
Ба
ҳаққи нолаи пурдарди Довуд,
Зи до
ғаш ваҳшиён гардид нобуд.
Ба
ҳаққи Мусии нури таӌалло,
Ба он рози дилу Тури муъялло.
Ба
ҳаққи Исию эҳедами у,
Ба
ҳаққи Мустафою ҳотами у.
Ба
ҳаққи нури ӌамъи анбиёҳо,
Ба
ҳаққи ӌуши файзи авлиёҳо.
Ба
ҳаққи чор ёри баргузида,
Ба
ҳаққи ду имоми нури дида.
Ӌунуниро ба ӌамъи муъминонат ,
Бикун сероб аз дарёи ра
ҳмат.

Агар чанде Сулаемони
Ба хоки дахр яксони
Ваё чамшеди хокони
Ба хоки дахр яксони
Агар чанде асалн нуши
Агар малбуси зард пусхи
Ба мохруён дар огусхи
Ба хоки дахр яксони
Агар чи фарди даврони
Ба тахти хеш Султони
Агар чи шохи турони
Ки зуд аз шери гурони
Писанди пахлавонони
Ба хоки дахр яксони
Ба ёди руи чонони
Чунун ту сина брёни
Чу булбул гар газал хони
Ба хоки дахр яксони

Тавофи каъбаи дил кун агар диле дори,
Дил аст каъбаи маъни ,ту гил чи пиндори.
Тавофи каъбаи сурат хакат бад-он фармуд.
Ки то ба воситаи он диле ба даст ори.
Хазор бор пиёда тавофи каъба куни,
Кабули Хак нашавад гар диле биёзори.
Бидех ту мулкату молу диле ба даст овар,
Ки дил зиёд дихадат дар лахад шаби тори.
Камар ба хидмати дилхо бубанд чокарвор,
Ки даркушояд дар ту тарики асроре.
Гарат саодату икбол гашт матлубат,
Шави ту толиби дилхову кибр бигзори.
Чу хамъинони ту гардад инояти дилхо,
Шавад янобеи хикмат зи калби ту чори.
Равон шавад зи лисонат чу сел оби хаёт,
Дамат бувад чу Масехо давои бемори.
Хамуш,васфи дил андар баён намегунчад,
Агар ба хар сари муе дусад забон дори.(Чалолиддини Руми)

Ҷон бод фидои қаду болои Муҳаммад,
Бо гесӯи мушкини сумансои Муҳаммад.
Ҷибрил ҷилавдори Буроқаш шаби меъроҷ,
Ҳӯрон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад.
Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш,
Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад.
Хуршед гирифт хӯшае аз хирмани ҳуснаш,
Маҳ рӯйканон бӯса зад аз пои Муҳаммад.
Ташрифи заминаш ҳамаро вола намуда,
Ташрифи само ҷумла ба ғавғои Муҳаммад.
Шуд гулшани олам зи туфайли гули рӯяш,
Аз шавқ ҳама булбули гӯёи Муҳаммад.
Омад ба қадаш хилъати лавлок мувофиқ,
Тоҷе ба сараш қавси "авадно"-и Муҳаммад.
То-ҳо лақабаш, васфи қабояш ба Музаммил,
Баҳри зафари хасм "фатаҳно"-и Муҳаммад.
Фардо, ки кунад ҷилва ба бозори қиёмат,
Маҳшар шавад он рӯз ба тамошои Муҳаммад.
Аз баҳри шафоъат ба ҳама уммати осӣ,
Бандад камари ҳиммату аъло Муҳаммад.
Хоки қудумаш сурма ба чашмони Ҷунунӣ,
К-ӯ ҳаст ба ҷон волаву шайдои Муҳаммад.
(Саллаллоҳу алайҳи васаллам)

Мавлавӣ Ҷунунӣ, аз ғазалиёти Маъдан-ул-Ҳол

Худо гар лутф созад меҳрубонӣ,
Кунад меши туро гургон чӯпонӣ.
Шавад,ай банда гар Мавло ба озор,
Ҳама дар ҳарду олам аз ту безор

Агар Аллоҳ шавад аз банда розӣ,
Ба ӯ ёр аст истиқболу мозӣ.
Гузар аз душманон,гир домани дӯст,
Бигирӣ мағзро,хориҷ шав аз пӯст.


Ҳар,Ки бо зикри Худо унс бигирад шабу руз,
Гар бувад мурдаи садсола,Ки рухаш бахшад.
Ҳар Ки дар фотихаи руз ба фатхия шитофт,
Ҳеҷ шак нест,Ки Фаттоҳ футуҳаш бахшад.

Ба ёдат ашки дида ҳар сабоҳ аст,
Маро дар ҳар қадам чандин гуноҳ аст.
Намоям тоату тавба биёрам,
Ки номи поки ту пушту паноҳ аст.


Худовандо, диламро шод гардон,
Дину дунёи ман обод гардон.
Агарчи бандаи пур аз гуноҳам,
Зи нори дӯзахат озод гардон.


Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бо рӯзахӯрон қуввати гуфтор надорам.
Хоҳам, ки ба як моҳ ҳама гушна нишинам,
Аз гушнагиям шикваю озор надорам.
Зеро, ки гуноҳони ман аз мӯӣ фузун шуд,
Бо сад гунаҳам оқибати кор надорам.
Шайтоннафасӣ, сӯи ман асло манигар ту,
Ман майл ба шайтону гунаҳкор надорам.
Аз чор ҷиҳат нафси аммора ҳама қуфл аст,
То Ид ҷуз аз тавба дигар кор надорам.
Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бас, бас ки дигар фурсати такрор надорам.





---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.



Комментарии: 199 Просмотров: 990194
Метки: ислом.ватан

shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)

1819 дней назад 24.04.2009 08:18:13 Цитата('2657692','2657692','6','710')">Сообщить о спаме

БА НОМИ ХУДОВАНДИ ҶОНУ ХИРАД
Санову ҳамд мегӯям Худоро,
Дуруд бодо Муҳаммад Мустафоро.
Зи мову аҳли кишвар, эй азизон,
Салом бод чор ёри босафоро!
Дуову сад дуруд гӯям, бародар,
Зи ҷон аҳли Бақиъу муъаллоро!
Ҳамехоҳам зи даргоҳи Илоҳӣ,
Наҷоти аҳли тақвову вафоро!
Дуогӯям дар ин авроқи рангин,
Диҳад инсоф Худо шоҳу гадоро!
Барори кору комёбӣ ҳамеша,
Насиб гардад раису вузароро!
Тани пӯшидаву серӣ, Худоё,
Насиб гардон тамоми фуқароро!
Мисоли Макка серу тинҷ гардон,
Худоё, ин замину ин диёрро!
Худовандо, ба деҳқонони тоҷик,
Намо рӯзӣ барори кишту корро!
Насиҳат гӯш созед, эй рафиқон,
Бидонед қадри нон, обу ҳаворо!
Агар бошед ватанхоҳу ватандӯст,
Бидонед қадри сулҳу ҳам салоро!
Ба ҳаққи Аршу Курсият, Илоҳо,
Қабул фармо зи моён ин дуоро!


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)

1653 дня назад 06.10.2009 15:33:07 Цитата('2657692','2657692','6','819')">Сообщить о спаме


Дар чахони бе бако охир парешон мешави,
Умри худ зоеъ макун чоно пушаймон мешави.
Кадри ёру дустонро дон андар зиндаги,
Окибат ай бехабар дар хок пинхон мешави.
Доимо дар зикри хак бошу, Худоро ёд кун,
Хон марав бо рохи шайтон пур зи усён мешави.
Гар биёби давлату, дунёву мулки бехисоб,
Ин хама хайрон бинод, чисми бе чон мешави.
Зан кунад шуи дигар, фарзанд фаромушат кунад,
Хеч ёди ту намеояд, чу дар хок мешави.
Эй, ки дори аклу хуш сарфи худо кун моли худ,
Пеш аз он, ки андар лахад пусида вайрон мешави.
Дар забонат лоилохро, доимо такрор кун,
Дур аз гуфтори бад бош, чунки расво мешави.
Ахли илму толибонро гар тавони даст гир,
Бо хунармандон нишин, окилу доно мешави.
Бо бадон маншин, ки имони ту мегардад хароб,
Дар сарои охират дар нори сузон мешави.
Толибо хохи саодат неки кун, бо мардумон,
Дар бихишти човидон бо хуру гилмон мешави.


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1626 дней назад 02.11.2009 15:18:49 Цитата('2657692','2657692','6','837')">Сообщить о спаме


Як мисоли дигар андар кажравӣ,
Шояд ар аз на
қли Қуръон бишнавӣ.
Инчунин кажбозие дар
ҷуфту тоқ,
Бо наб
ӣ мебохтанд аҳли нифоқ.
К-аз барои иззи дини а
ҳмадӣ
Мас
ҷиде созему буд он муртаде.
Инчунин каж бозие мебохтанд,
Мас
ҷиде ҷуз масҷиди ӯ сохтанд.
Са
қфу фаршу қуббааш ороста,
Лек тафри
қи ҷамоат хоста.
Назди пай
ғамбар ба лоба омаданд,
Ҳамчу уштур пеши ӯ зону заданд.


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


ren05 Отправить сообщение
ren05
Салом
1526 дней назад 11.02.2010 09:01:33 Цитата('2657692','3508109','6','882')">Сообщить о спаме

Салом апаи Шахло! Ман ба Шуми изхори миннатдории худро мерасонам, барои чунин сомонаи хеле хубу босифат.
         Ба Шумо дар корхои ояндаатон бурдборихо таманно дарам.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1525 дней назад 11.02.2010 14:38:37 Цитата('2657692','2657692','6','883')">Сообщить о спаме

Воалекум ассалом  бародари гироми! Кудуми мубораки шумо ба  ин даргох  муборак  бошад!  Рахмати Худованди якто  бар шумо  барои таманниётхои некатон!

Иллох  Худованд  хамаи мусалмонхоро   дар  панахаш  нигох  дораду   имону  амону  тандурусти, илму  амал  фарохдастиро  ато  кунад.


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1498 дней назад 10.03.2010 18:58:21 Цитата('2657692','2657692','6','897')">Сообщить о спаме

Ин чи шурест,ки дар даври Камар мебинам,
Хама офок пур аз фитнаю шар мебинам.
Хар касе рузи бехи металабад аз айём
Иллат он аст ки хар руз батар мебинам.
Аблахонро хама шарбат зи гулобу канд аст,
Кутти доно хама аз хуни чигар мебинам.
Аспи този шуда мачрух ба зери полон,
Тавки заррин хама дар гардани хар мебинам.
Духтаронро чанг асту чадал бо модар,
Писаронро хама бадхохи падар мебинам.
Хеч рахме на бародар бо бародар дорад,
Хеч шафкат на падарро бо писар мебинам.
Панди Хофиз бишунав,хоча,бирав,неки кун,
Ки ман ин панд бех, аз дуру гухар мебинам


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1497 дней назад 11.03.2010 20:42:26 Цитата('2657692','2657692','6','898')">Сообщить о спаме

Ё Раббо илмам бидодӣ ақлу тақвоям бидеҳ,

 Хулқи хубу сирати аброри доноям бидеҳ.

 Дину имонам бисоз мустаҳками дӯр аз завол,

 Мисли асҳоби Расулат қалби бедорам бидеҳ.

 Сабру тоқатро бароям пешаи умрам бисоз,

 Бо сабурӣ пайравӣ тавҳиди пурборам бидеҳ.

 Ҳар куҷо бошам мадад кун ё Раббо аз фазли худ,

 Пеши ҳосидони бадгӯ чашми бедорам бидеҳ.

 Нусрати динат ба дасти мо бикун андар ҷаҳон,

 Аҷри умри пур зи аъмоли гуҳарборам бидеҳ.

 Ҳар замон мирам бибахшо, ки манам ғарқи гуноҳ,

 Маргро осон бисозу раҳматат ёрам бидеҳ.


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1497 дней назад 11.03.2010 21:00:06 Цитата('2657692','2657692','6','900')">Сообщить о спаме

Аз дуои бад ҳазар кун чун, ки расвоят кунад,

 

Бедару бехонаву беҷою маъвоят кунад.

 

Бо падар ё модари ғамхор макун ҷавру ҷафо,

 

Гар дуои бад кунанд чоҳи бало ҷоят кунад.

 

Уф магӯ андар ҷавоб бо волидайн, гуфто Худо,

 

Гар бигуфтӣ дон Худо донаду расвоят кунад.

 

Гар бихоҳӣ, ки Худо бахшад гуноҳони туро,

 

Дур бисозад аз ҷаҳаннам дар биҳишт ҷоят кунад.

 

Пас бирав бо волидайн эҳсон бикун бо хулқу мол,

 

Чун шуданд розӣ Худоят чою масвоят кунад.

 

Гу Худо аз волидайнам розӣ шав аз фазли хеш,

 

Ин дуо лоики авфи зоти яктоят кунад


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1497 дней назад 11.03.2010 21:25:51 Цитата('2657692','2657692','6','901')">Сообщить о спаме

Пандпазир гардон Худоям ақлу имони маро,

 

Ҳар чиро бинам шавад он панде виҷдони маро.

 

Аз ҳаводис панд мегиранд касоне оқиланд,

 

Чашми ибрат деҳ маро дармон шавад ҷони маро.

 

Пандпазирӣ сифати муъмини мухлис мешавад,

 

Ё раббо холис бигардон дину имони маро.

 

Ҳар касеро панд надорад суд, зи кибри норавост,

 

Кибрро дур кун зи ман пок соз ту нуқсони маро.

 

Кибриёӣ ҷуз Худо мақбул набошад бар дигар,

 

Зиндагӣ дар бандагӣ соз хулқу азҳони маро.

 

Оқилонро ҳар ҳаводис панд бувад аз ин ҳаёт,

 

Ё Раббо пандаш бисоз ҳар сатри девони маро.



---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1497 дней назад 11.03.2010 21:46:57 Цитата('2657692','2657692','6','902')">Сообщить о спаме

Дар амал Ислом бикун собит барои мардумон,

 То ба кай исломи ту танҳо бувад андар забон

 Номи динро бад масоз бо хулқи ноҳамвори худ,

 Бо ҷаҳиданҳои ноҷо бо гапу гуфтори худ.

 Нусрати Ислом ба кирдору амал бошад писанд,

 Бе амал ҷуз лофе набванд он шиъорҳои баланд.

 Ҳар куҷо бо номи аҷдодат, ки маъруф мешавӣ,

 Бо мусулмонию Ислом насбу мавсуф мешавӣ.

 Пас нигоҳе кун, ки киро мекунӣ бад дар ҷаҳон,

 Бобу аҷдоди мусулмонат ба пеши кофирон.

 Дини Ислом дини тавҳиду амал бошад яқин,

 Ту ба кирдорат бикун нусрат ба ин дини мубин.


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1454 дня назад 23.04.2010 21:40:20 Цитата('2657692','2657692','6','916')">Сообщить о спаме

Маханд инчо ки мичгони ту гирён аст дар фардо,
      Агар рези дар инчо ашк хандон аст дар фардо.
      Ба андухи киёмат зард кун рухсораи гулгун,
      Ба сони шамси анвар мохи тобон аст дар фардо.
      Макун чабру ситам бар чони худ аз тарки фармон,
      Ба гайри укбахо хафт дарки сузон аст дар фардо.
      Касе гар андар инчо хирмани тоъат набардорад,
      Бас сад афсусу хасратхо пушаймон аст дар фардо.
      Чаро эй калмахаг бо чилваи ин зол менози?
      Валекин айшгохи хоксорон аст дар фардо.
      Ба махшаргох хар кас ба хар суе равон гардад,
      Ки майли Чунуни суи чонон аст дар фардо.



---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


idif Отправить сообщение
Farzona Olimzoda(Idieva)
Шеър
1452 дня назад 26.04.2010 10:19:35 Цитата('2657692','3764164','6','917')">Сообщить о спаме
Илохо холи моро як назар кун,
Дарахти дини моро бо самар кун.
Умед аз лутфи ту бисер дорем,
Ба олам нури худро шуълавар кун.
Ба чуз мехри худат дар дил надорем,
Кабули хар дуо шому сахар кун.



---
Дар ин дунё на ман монам на он шоху на он султон,
Бимонад човидон мехру мухаббат хубии инсон.

murod90 Отправить сообщение
STUDIO
салом
1320 дней назад 04.09.2010 17:01:25 Цитата('2657692','5655551','6','981')">Сообщить о спаме

рости ман шери исломи намедонам агар шумо хостед шери дуняви бихонед ин сайти мане http://mukhamed.blogfa.com чизхои чолиби хаст агар боз кумак кунен дига вопще гап нест!!!


murod90 Отправить сообщение
STUDIO
салом
1320 дней назад 04.09.2010 17:19:16 Цитата('2657692','5655551','6','982')">Сообщить о спаме

Апаи азиз сайти ачоиб ва дидани доштен мувафакият дар корхоятон хохонам лекин ман шери исломи намедонам ага шумохам шери дунёи бихонед ин сйти мане http://mukhamed.blogfa.com хай бо шояд кумак мекунен охи


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1319 дней назад 05.09.2010 15:37:19 Цитата('2657692','2657692','6','983')">Сообщить о спаме

Ташакури зиёд  барои  таманниёт  ва  самимият  бародар! Хуш омади  ба  ин даргох! Иншаллох  хамкори мекунем  дар бобати шеърхои ислом.

Муваффаку  сарабаланд бошед!

Худо нигахбони хамаи мою шумо


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


qiyom Отправить сообщение
tojikobod
1316 дней назад 08.09.2010 16:33:23 Цитата('2657692','5337885','6','988')">Сообщить о спаме

Ассалому  алайкум  апаи  Шахло.  Худованд  Шуморо    дар  панохаш  нигах  дорад.))   Ба Шумо дар корхои ояндаатон бурдборихо таманно дарам. 


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1315 дней назад 09.09.2010 13:18:28 Цитата('2657692','2657692','6','989')">Сообщить о спаме

Воалекум ассалом  Киёмиддин  бародари гироми  хамшахрии  азиз!Рахмати Худо. Иди Фитр  ба шумо  муборак бошад.Худованд  нигахбони шумо бошаду  дар хифзу  амонаш  нигох  дорад.


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


gayrat2010 Отправить сообщение
Gayrat Fayzullaev
1263 дня назад 01.11.2010 02:34:17 Цитата('2657692','5549510','6','1009')">Сообщить о спаме

        Шайтон ки ронда гашт ба чуз як хато накард,
        Худро барои сачдаи одам ризо накард.
        Шайтон хазор мартаба бех аз шахси бенамоз,
        Он сачда бари одаму ин аз Худо накард.


---
Гайрат

gayrat2010 Отправить сообщение
Gayrat Fayzullaev
1262 дня назад 01.11.2010 18:26:48 Цитата('2657692','5549510','6','1011')">Сообщить о спаме

         Ислом нафакат савму салот аст,
         Ислом асту хаётасту низом аст.
         Имруз,ки хароб аст хама чомиаи мо,
         Ислом биомуз,ки дарси хаёт аст. 


---
Гайрат

shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1262 дня назад 01.11.2010 18:47:15 Цитата('2657692','2657692','6','1012')">Сообщить о спаме


Мо Fайри Худо дар ду чахон ёр надорем,

Чуз ёди Худо дигар хеч кор надорем,

Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид,

Хар рохгузаре санг занад ор надорем.

 

Хуш  дор,ки  марг  тири  сузон  дорад,
Кун  тавба  зи  чурмхо,ки  зиндон  дорад.
дарё  чу  арус  агарчи  хандад  имруз.
Фардо  ба  ситам   халоки дандон  доард.
Рав  суи  хамушон  бипурс  аз  хок,
аз   тири  ачал  хазор  пайкар  дорад.

 



---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


gayrat2010 Отправить сообщение
Gayrat Fayzullaev
1262 дня назад 01.11.2010 19:49:48 Цитата('2657692','5549510','6','1013')">Сообщить о спаме

        Дило,хамвора таслими ризо бош,
        Ба хар холе,ки боши,бо Худо бош!
        Зи ту чуз бандаги кардан нашояд,
        Аз У чуз Худованди наёяд.


---
Гайрат

shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1262 дня назад 01.11.2010 22:17:05 Цитата('2657692','2657692','6','1014')">Сообщить о спаме

Ибтидо  кардам  ба  номат  Холики  арзу  само,
Подшохи  харду  олам,козии  рузи  чазо.
Хам  замину  осмону  Курсиву  Лавху  Калам,
Чумларо  пайдо  ба харфи  кофу  нун  аз  мо  адо.
Холики  ашёи  олам  буду  эй  зулчалол,
Вохиду  фарду  самад  хам  нести  аз  мосиво.
Кодири.хайи,каюм,харчи  хохи  он  куни.
Мекуни  эхё  тамоми  мурдагон  явмулчазо
Аз  Самак  то  бар  Само  то  Аошу  Курсию  Калам.
Чумла  мохифо  хама  бо  амри  ту  гашта  бино.
Чумла  дарёхои  олам  сайр  дорад  рузу  шаб.
Халк  карди  чумларо,не  ибтидо  не  имтихо,
Шукр  кун  Искандари  оси ,ки  зоти  кадим,
Офарида  аз  дини  Ислом,туро  карда  бино.



---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


gayrat2010 Отправить сообщение
Gayrat Fayzullaev
1262 дня назад 01.11.2010 23:46:55 Цитата('2657692','5549510','6','1015')">Сообщить о спаме

        Ба даргохи Худо пеш аз ачал ой,
        Гузашт умри азизат дар амал ой.
        Ба гафлат сарфа шуд умрат маху сол,
        Биё бедор шав аз хоб имсол.


---
Гайрат

shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
1257 дней назад 06.11.2010 16:08:07 Цитата('2657692','2657692','6','1018')">Сообщить о спаме


Ей чавоно гуш доз андарзи дин
Зиндаги рушан кун аз шамъи якин
Дини хак бошад мар инсонро халос
Аз хаёлоти дуругу бе асос
Фикри асри ту зиёнро суд гуфт
Хам сафои шаръи ту олуда гуфт
Аз камоли илму ирфон бе насиб
Харф дорад мезанад чун андалиб
Мурги доно шав ба доми у мапич
Гачи бошад руи дасташ хар махич
Аз хаёлоташ бишу покиза фикр
Чунки у дорад ситез бо ахли зикр
Ей ки аз агёр улгу сохти
Оби талхашро шакар пиндошти
Ошкоро гуямат дар гафлати
Хам дар истикболи худ пурхасрати
 дил ба таклиди дигар басти чаро
ёр аз агёр нашноси чаро
 Аз хаёлоти ачам огох бош
Пой махкам дар рахи аслоф бош
Хам зи найрангу фиреби гарбиён
Огахи хосил намо ей навчавон
Навчавононаш асири шахватанд
Акли пиронаш тихи аз хикматанд
Дар кадомаш хайру хуби дидай
то ба таклидаш камар барбастаи
Бар ту рохи зиндаги омухтанд
Аз чамолаш пайкарат оростанд
ХаЙру Уммат омада бар ту хитоб
Иззати гумгаштаро чу ей чаноб
Охарин пайки Худо аз бахри туст
Охарин дастури у мавхуби туст
Сирри ъайшатро зи пайгомаш бигир
Чаннати фирдавсу Ризвонаш бигир
Шамъи Куръон аст нури зиндаги
Хам бихонад бар ту рохи бандаги
Зиндагиро бандаги зиннат дихад
Хам дахони хушки у замзам нихад
Бо ту гуям Кудваат Пайгамбар аст
Иттибоаш фарзу амр аз Акбар аст
Ояи Ахзоб бингар ей азиз
Обруи миллати байзо мариз
Суннаташро зинда кун дар ин чахон
То шави дар он чахон сохибчинон
Он мусалмонон ки иззат ёфтанд
Суннаташро нусби ъайн бигзоштанд
Зиндагиро нахчи у бошад замон
Хавфро табдил созад бар амон
Асри нав гар дарси у аз бар накард
Тири масмуме даруни сина кард
Аз Китобу Суннаташ огох шав
Гавхаре дар силки Иллаллох шав
Гар саро боши сурайё мешави
Хам хушо гуёву пуё мешави  

--> Зохиршои Нуриддин)

 


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.

Имя Пароль
расширенный... ( / Регистрация )

Тема

В тексте можно использовать Wiki или HTML теги





Страница: [1] [2] [3] [4] [5] [6] [7] [8]

Кто на сайте?
Анонимные: 6, Зарегистрированные: 0 (?)

Жалоба | Размещено на MyLivePage | | Design by VladDeVille | © Kolobok smiles, Aiwan