Шаҳло
Сахифаи асоси
Дар бораи ман
Аксхо дар ёдхо
Бойгони_Сурду таронахои милли._Нахт_амри маъруф_нашид
Садои Ватан
Сухбат-хона (дини мубини ислом)
ШАРОРАИ ХОТИРАҲО ( БА ЁДИ ПАДАР)
Чат-Хона
чанд кас ворид шудаги(статистика)
Дустон мо
Нишон
Пурсиш
МУСЛИМИН сайти Исломи
Бисмиллох-сайти исломи
Сомонаи мустақилли «Фирдавсӣ"
Филмхои исломи
Салими Аюбзод
Радио Озоди
Шифо
Фарёди бесадо
ГАРМ
Туфони ишк
Торнигори Зафар Мирзоён
Cомонаи Васатият
WWW.TURAJON.COM
ВАХЁ
РУЗГОР
АХТАРИ ЗУЛМАТСУЗ
РУСТАМИ ВАХОБ
ХНИТ
=Ислом=Islam
РУЗХО ва РОЗХО
ОЙНА
ТОЧИКИСТОН
АДАБИЁТИ НИЁГОН
Фирдавси Аъзам
Қуръон.
Як дарвеш
ВАТАНДОР
Раъно Бобочонова
ПАЁМИ КУХИСТОН
Савти Қуръон ба Забони Тоҷики
Ислом дар Точикистон
ТОЧВАР
БОНУВОН
ТОЧИКИСТОН БЕХТАР АЗ ЧОН
Хамроз
Facebook
Ғазалиёт Лоик Шерали
islamHouse
ДОКТОР ТОХИРИ
Тоҷнет
Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ
ТАНЗИЛ (Кироати Куръон)
ТОЧИКОБОД-КАЛЪАИ ЛАБИ ОБ
Nisaun Форум барои хоҳарон
Интересные сайты

Посетители

Календарь
<
Апрель 2014
>
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Подписка
E-mail: 

Ин сомонаи*САДОИ КУХИСТОН * ба шумо писанд аст.

Результаты опроса

Топ комментаторов
shahlo-m Шаҳло Махмудзода(Идиева)
Комментарии: 1013
gayrat2010 Gayrat Fayzullaev
Комментарии: 31
abduv AbduV Vohidov
Комментарии: 16

Другие сайты
malyatko24 Шандор Чурон
x-spyders-best x-spyders
lenakrivich Лена Кривич
lioubov Эли Селини
teppop-best Павел Курышев

Комментируемые записи
Шеърхои Исломи.
Сообщения: 199
МАВЛАВӢ ҶУНУНӢ
Сообщения: 63
Bo имя Aллaxa милocтивoгo...
Сообщения: 52
Дуъоҳо
Сообщения: 42
Ба номи Худованди Бахшоян...
Сообщения: 36

Вернуться на главнуюШаҳло / Сухбат-хона (дини мубини ислом) / Ислом / Шеърхои Исломи.

Шеърхои Исломи.

| К списку


Страница: [1] [2] [3] [4] [5] [6] [7] [8]
ДобавилТекст

shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
387 дней назад 25.03.2013 16:43:13 Цитата('2657692','2657692','6','1634')">Сообщить о спаме

Аҳлиддин Хисори
Айби мусулмон бикунанд

Абр гирён, ки шавад, айби мусулмон бикунанд,
Барфу борон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд.

Барқ шамшери ғазаб боз кашад ҳар гоҳе,
Раъд ғуррон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд.

Аз табаҳкориву найранги худобехабарон,
Қаҳтии нон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд.

Қиммати мол бихезад ба гаронӣ боло,
Ё худ арзон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд.

Равнақи фисқ, агар омири дилҳо гардад,
Заъфи имон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд.

Нокасоне, ки ҷаҳон зери тасарруф доранд,
Шўри туфон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд.

Хотири Лорд агар ҷамъ намояд макре,
Ҳам парешон, ки шавад айби мусулмон бикунанад.

Фитна дар олами пурҳодиса ҳоким гардад,
Макри шайтон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд.

Аз пайи маҳви башар аз ҳама ақсои ҷаҳон,
Аҳду паймон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд.

Касрати ҷабру ситам бо ҳама қударат, ки дар ўст,
Бар мусулмон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд.

Таркише рўй диҳад ё ки мабодо ногаҳ,
Тирборон, ки шавад айби мусулмон бикунанд.

Зиллати рўи ҷаҳон феъли сияҳкорон аст,
Даъвӣ аз он, ки шавад, айби мусулмон бикунанд.

Ин чи ҳолест, ки бар рағми мусулмон то ҳаст,
Ҳар чи фармон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
387 дней назад 25.03.2013 16:46:10 Цитата('2657692','2657692','6','1635')">Сообщить о спаме

Дуруштӣ нагирад хирадманд пеш !
На сустӣ, ки нозил кунад қадри хеш ! 
На мар хештанро фузунӣ ниҳад ,
На якбора тан дар мазаллат диҳад !

Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ.

 
Ду оқилро набошад кину пайкор,
На доно ситезад бо сабукбор.

Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.
Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ.


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
387 дней назад 25.03.2013 16:53:32 Цитата('2657692','2657692','6','1636')">Сообщить о спаме

Насими куи чонон аст Куръон
Шамими атрии рахмон аст Куръон
Бувад равшангари рохи саодат,
Чу хуршеди фурузон аст Куръон.
Ба гулзораш хазон рохе надорад,
Бахорон дар бахорон аст Куръон.
Рахонад одамиро аз чахолат,
Фуруги илму имон аст куръон.
Тароватбахши рухи муъминин аст,
Ба чисми муъминин чон аст Куръон.
Табиби дардхои бедаво уст,
Ба чони хаста дармон аст куръон.
Тасаллибахши дилхои гамин аст,
Чароги шоми хирмон аст Куръон.
Халал кайр ах барад дар сохати у,
Банное сахтбунён аст Куръон.
Дар он рузе, ки сомон нест касро,
Панохи хар мусалмон аст Куръон


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
387 дней назад 25.03.2013 16:54:53 Цитата('2657692','2657692','6','1637')">Сообщить о спаме

Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,
Саодат он касе бошад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Хурусон ҳар саҳар гӯянд: ки “қум ё айюҳал ғофил”
Ту аз масти намедонӣ, касе донад ки ҳушёр аст.
Танат гӯяд бархезам, ҳаво гӯяд даме андак,
Ҳаворо пеши поят зан, ки вақти амри Ҷаббор аст.
Танат бар тахта андозанд, ҷанозат мардумон хонанд,
Ба гури танг андозанд, амал он ҷо туро ёр аст.
Аё эй Шамси Табрези, ту чун марди саҳархези,
Агар сад сол бигрези, ки охир марг даркор аст!


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
387 дней назад 25.03.2013 16:55:20 Цитата('2657692','2657692','6','1638')">Сообщить о спаме

Мо ғарибонему доим ёди дӯстон мекунем,
Мисли кабки дар қафас ёд аз кӯҳистон мекунем. 
Эй азизон дар ғариби умри мо барбод рафт,
К-аз Ватан дур, орзуи Тоҷикистон мекунем.
Ташнаи оби Ватан, чун дар биёбонем мо,
Аз ғаму андуҳи ғурбат сина бирёнем мо,
Бо дили пурғуссаву бо чашми гирёнем мо,
К-аз Ватан дур,орзуи Тоҷикистон мекунем. 
Модарон бо чашми чор дар роҳи моён интизор,
Ҳам падар ,бо оҳи хомуш сина бирён интизор,
Хоҳарону додарон ба чашми гирён интизор,
К-аз Ватан дур, орзуи Тоҷикистон мекунем.


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
386 дней назад 26.03.2013 14:33:07 Цитата('2657692','2657692','6','1639')">Сообщить о спаме

Мисли оина машав махви чамоли дигарон,
Аз дилу дида фуру шуй хаёли дигарон.
Эй, ки наздиктар аз чониву пинхон зи нигах,
Хачри ту хуштарам ояд зи висоли дигарон.
Аллома Икбол

 
Кофири бедордил пеши санам,

Бех зи мумине, ки хуфт андар харам..
Мухаммад Икбол

 
Вакт? Ширини ба захр омехта,

Рахмати оми ба кахр омехта.
Холи аз кахраш бубини шахру дашт,
Рахмати у ин, ки гуи дар гузашт.
Мухаммад Икбол


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
386 дней назад 26.03.2013 14:34:02 Цитата('2657692','2657692','6','1640')">Сообщить о спаме

Сатват аз кух ситонанду ба кох,е бахшанд,
Кулахи Чам ба гадои сари рохе бахшанд.
Дар рахи ишк фалон ибни фалон чизе нест
Яди байзои Калиме ба сиёхе бахшанд.
Гох шохи ба чигаргушаи султон нарасад,
Гох бошад, ки ба зиндонии чохе бахшанд....
Мухаммад Икболи Лохури


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
361 день назад 20.04.2013 11:58:46 Цитата('2657692','2657692','6','1650')">Сообщить о спаме

Ба фалак мерасад аз руи чу хуршеди ту нур
Кул хуваллоху ахад чашми бад аз руи ту дур
Саъдии Шерози


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
354 дня назад 27.04.2013 15:29:38 Цитата('2657692','2657692','6','1653')">Сообщить о спаме

ЭЙ ДАРЕҒО,КИ ДАР ЗАМОНИ МО

Эй дареғо,ки дар замони мо,

Ҳазл ояд ба корхонаи мо.

Ҳазлро хостгор бисёр аст,

Занаху ришханд бисёр аст,

Майли эшон ба ҳазл бештар аст,

Ҳазл алҳақ,зи ҷид азизтар аст.

Мардро ҳазл сӯйи гуноҳ барад,

Ҷид сӯйи олами илоҳ барад.

Чун ту ҷид ёфти,бибур аз ҳазл,

То аз он мамлакат набоши азл

Ман чу з-ин шева рух битофтаам,

Ҳарчи кардам талаб,биёфтаам


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
354 дня назад 27.04.2013 15:30:35 Цитата('2657692','2657692','6','1654')">Сообщить о спаме

Ҳар кӣ инсоф аз ӯ ҷудо бошад,

Дад бувад,дад,на подшо бошад.

Чун аз ӯ адлу беӯами набувад,

Худ чӣ султон,ки одамӣ набувад.

*******************************

Подшоро аз пайи шаҳвату оз,

Рух ба симинбару симинсанам аст.

Умароро зи пайи зулму фасод,

Дил ба зӯру зару хайлу ҳашам аст.

Фуқаҳоро ғаразаз хондани фиқҳ,

Ҳилаи байъи рибову салам аст(Саноӣ)


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
343 дня назад 08.05.2013 16:56:06 Цитата('2657692','2657692','6','1655')">Сообщить о спаме

Эй чумъаи муборак,Эй чумъаи ибодат.
Дасти ниёз дорам бар Хокими саодат

Эй чумъаи такарруб,сад шукр гашти мансуб
эй рузи поки матлуб бар чонамози тоат

Эй чумъаи намозй,ишки дилам гудозй
Бар суйи бениёзй хар солу моху соат

Рузи бехини умрам,эй бехтарини хафта.
Эй чумъаи башорат,эй чумъаи кафорат


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
341 день назад 10.05.2013 09:26:15 Цитата('2657692','2657692','6','1656')">Сообщить о спаме

Эй муъминон,саодати моҳи Раҷаб расид,

Шайтони кинаҷуй ба қавли Раҷаб расид.

Узре  бихоҳу об равон кун зи ҳар ду чашм,

Лаб-лаб ба ҷуи тавба,ки моҳи Раҷаб расид.

Аз олами камоли Ту фарох намуд руҳ,

Дар торуми ҷамол сипоҳи Раҷаб расид.

Ишрат бимон,ки мавсими нозу наъим нест,

Хилват гузин,ки хилвати моҳи Раҷаб расид.

Аз ҷудои Зулҷалол ба мо муфлисони ҳак,

Ташрифи  афви сол ба моҳи Раҷаб расид.



---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


Anonymous
Ассалому алайкум
338 дней назад 13.05.2013 21:35:41 Цитата('2657692','6440880','6','1657')">Сообщить о спаме

апаи шахло моён аз шумо хело минадор хастем..ХУДО нигахбонатон бошад


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
326 дней назад 25.05.2013 10:29:13 Цитата('2657692','2657692','6','1661')">Сообщить о спаме


Шохи талаби бирав гадои хама бош
Бегона зи хеш ошнои хама бош
Хохи ки туро чу точ бар сар биниханд
Дасти хама гиру хоки пои хама бош


Эзид ки чахон ба кабзаи химмати уст
Ду чиз туро дода ки он хар ду накуст
Хам сирати он ки хамаро дори дуст 
Хам сурати он ки кас туро дорад дуст


Хар ки хашми худ фуру хурд эй чавон
Бошад у аз растагорони чахон

Бо бадон кардан бади н-аз окилист
  Бо бадон чун бад куни пас фарк чист


Эзид аз азал хусна ба Туркон додаст
  Донишу маърифату илм ба Эрон додаст
Ишваю нозу карашма хама бар мардуми Хинд
Хорию ахмакию зулм ба афгон додаст


Мухаммад диданду Мусо шуниданд
Шунидан кай бувад монанди дидан

Зиндагиро аз китоби рузгор омухтам
Ишки мехнатро ба авчи касбу кор омухтам
Дар чахони хоксори ёфтам кадри баланд
Сархамиро аз дарахти мевадор омухтам


То тавони хеч касро бад магу
Гайри шайтон бар касе лаънат магу
Хар ки аз бад гар забони хеш баст 
Кард шайтони лаъинро зердаст


Хар ки бо дунон нишинад хамчу дунон дун шавад
  Бо хирадмандон нишинад аклу дин афзун шавад
Аспро гар бо харе банданд дар як огуле
Ранг дигаргун нагардад хуй дигаргун шавад


Илмро харгиз наёби то набошад шаш хисол
Хирси вофир, фахми комил чамъи хотир кулли хол 
Хам дигар устози комил саъй мебояд мудом
Лафзро тахкик кардан то расад хадди камол


Гарчи гул дар нозуки машхур дар бахру бар аст
Киммати шарму хайё аз барги гул нозуктар аст


Бехтарин гавхари ганчинаи хасти сухан аст
Гар сухан чон набувад мурда чаро хомуш аст


Ба номи Худое, ки чон офарид
Сухан гуфтан андар забон офарид



Саломи дуст шунидан саодат асту саломат
Ба висоли дуст расидан фазилат асту каромат

Мо дар ду чахон гайри Худо ёр надорем
Мо чуз гами у хеч дигар кор надорем 
Мискину факирем ба кошонаи дунё
Мо худ ба чуз ин шева ба гуфтор надорем


Эй писар гар пештар гуи салом 
Оташи дузах шавад бар ту харом


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
326 дней назад 25.05.2013 10:31:23 Цитата('2657692','2657692','6','1662')">Сообщить о спаме

Рахмати Парвардигор бар шумо бошад  додари азиз  Исломиддин барои лутфи Шумо. Худованд хамеша аз шумо ризо бошад!Хуш омадед аб ин  даргох.


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
326 дней назад 25.05.2013 10:31:59 Цитата('2657692','2657692','6','1663')">Сообщить о спаме


Ба дунё дил набанда харки мардаст
Ки дунё сарбасар андуху дардаст
Ба ќабристон гузар кун то бубини
Ки дунё бо харифонат чи кардаст

Дилат бигрифта аз манзил 
Бурун шав то чахон бини
Яке бихром дар бустон 
Ки то сарви равон бини

Чу диди бустонхоро яке бигзар ба гуристон
Ки гуристон хаме гўяд биё то дустон бини
Ахад гўён Самад гуён дар он кунчи лахад хуфта
Ту махруёни оламро дар ин хобби гарон бини
Басе бодом чашмонанд ба доѓи марг хайронанд
Басе писта дахононро ту дар хобби гарон бини
Зи муи равшани пирон дамида ёсуман аз гил
Зи хатти сабзи махруён шукуфта армуѓон бини
Сари тобути шохонро агар дар ќабр бикшоянд
Фитода дар яке кунче ду пора устухон бини
Шоханшохе ки ќасрашро хазорон посбон бошад
Биё бигзар ба гури ў талоѓе посбон бини
Вазиреро ки дар дасташ калиди ганчхо буда
Ба гирди гумбази ќабраш зим мурон корвон бини
Айё эй хочаи ѓофил дар ин дунё ибодат кун
Ки худро аз саховат дар бихишти човидон бини
Ало хоќонихи мискин ки дил банди дар ин дуне
Ки то мижгон зани бар хам на ин бини на он бини
 


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
309 дней назад 11.06.2013 11:44:29 Цитата('2657692','2657692','6','1667')">Сообщить о спаме


К-ай Худованди кариму бурдбор,

Дех амонам з-ин ду шохай ихтиёр.

Чазби якроха сирот-ул-мустаким,

Бех зи дуроха тараддуд,ай карим.

З-ин ду рах гарчи хама максад туи,

Лек худ чон кандан омад ин дуи.

З-ин ду рах гарчи ба чуз азми ту нест,

Лек харгиз разм чун базми ту нест.

Ишк буррад бахсро,ай чону бас,

К-у зи гуфтугу шавад фарёдрас.

Лаб бибандад сахт у аз хайру шар,

То бибояд аз дахон уфтад гухар.



---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


Anonymous
309 дней назад 11.06.2013 17:47:33 Цитата('2657692','6448013','6','1668')">Сообщить о спаме

Зи фикри ин чахон бигзар,ту фикри он чахонат кун,
Ба субху шом номи поки у вирди забонат кун.
Агар бошад хавои рафтанат бар гулшани чанат,
Макун саье ба нахйяш кушиши амраш ба чонат кун,
Машав бо гиру дори ин чахони пурчафо магрур,
Ки хохи рафт аз ин олам назар бо хамдамонат кун.
Хама афьоли нокоми хамаеорад пушаймони,
Агар марди рахи андешаи суду зиёнат кун,
Барои хирси дунё пурхатар карди рахи укбо,
В- агар дори хунар дур аз худ ин бори гаронат кун.
Дуруза умри худро сарф андар маьсият карди,
Хазон шуд нахли умрат кор дарвакти чавонат кун,Ту,
Махзуно,дар ин манзил накарди тушае хосил,
Зи чои хештан бархезу акнун фикри онат кун.


Anonymous
имон
309 дней назад 11.06.2013 17:48:48 Цитата('2657692','6448013','6','1669')">Сообщить о спаме

Имон чист ? - Ал имону ик,рорун би лисонин ва тасдик,ун бил к,алби бимоч,оа бих,и мин ъиндиллох,и Мух,аммадун расулуллох,и саллаллох,у ъалайх,и васаллам. Имон гуфтан аст бо забон ва тасдик, карданаст ба дил ба он чизе ки омадааст аз Аллох,таъоло ба пайfамбарамон Мух,аммад салаллох,у алайх,и васаллам...


Anonymous
аллох бузург аст!
309 дней назад 11.06.2013 17:50:17 Цитата('2657692','6448013','6','1670')">Сообщить о спаме

Дилу чонам фидоят ёМухамад Сари ман хокипоят ё Мухамад Гузаштиаз Падар аз Модари хешБарои Уматонат ёМухамад Хабиби Хак туйи э Садри Олам Хама Оламфидоят ё МухамадНамебуди хама будан бадузах Ки Будан дарбалоят ё Мухамад Биёбар коми нохеч Чуръае рез Бикун Маст Силикоятё Мухамад


Anonymous
308 дней назад 12.06.2013 16:39:26 Цитата('2657692','6448013','6','1672')">Сообщить о спаме

Салавот бар расули Худо Мухаммад с.а.в (холи)

Дар вакти субхгохон буи Мухаммад омад,
Андар машоми мардон буи Мухаммад омад.
Рафтам ба суи бустон гулхо шукуфта дидам,
Аз чониби гулистон буи Мухаммад омад.
Х,ар субхи дам бинолам дар хонакоху масчид,
Аз охи субх,хезон буи Мухаммад омад.
«Ваш-Шамс» васфи руят, «Вал-Лайл» наъти муят,
Аз сурахои Куръон буи Мухаммад омад.
«То хо» бихону «Ё син» в-он гах бигуй омин,
Аз зикри исми Рахмон буи Мухаммад омад.
Ин хашт дар кушода дар интизори Хазрат,
Аз боргохи Ризвон буи Мухаммад омад.
Шукри Худо хазорон, чандин хазор борон,
Аз мулкати Бадахшон буи Мухаммад омад.
Туфони Карбалоро гирди Хусайн дидам.
Аз нолаи Имомон буи Мухаммад омад.
Имло, бизан ту худро дар сухбати гарибон,
Аз сухбати гарибон буи Мухаммад омад.


Anonymous
308 дней назад 12.06.2013 16:43:06 Цитата('2657692','6448013','6','1671')">Сообщить о спаме

  1. Маханд инчо ки мижгони ту гирен аст дар фардо, 
  2. Агар рези дар инчо ашк хандон аст дар фардо. 
  3. Ба андухи Киемат зард кун рухсораи гулгун, 
  4. Ба сони шамси анвар, мохи тобон аст дар фардо. 
  5. Макун чавру ситам бар чони худ аз тарки фармонаш, 
  6. Ба fайри акбахо хафт дарки сузон аст дар фардо. 
  7. Касе гар андар инчо хирмани тоат набардорад, 
  8. Ба сад афсусу хасратхо пушаймон аст дар фардо. 
  9. Чаро эй калхамач бо чилваи ин зол менози, 
  10. Валекин айшгохи хоксорон аст дар фардо. 
  11. Ба махшаргох гар хар кас ба хар суе равон гардад, 
  12. Ки майлони Чунуни суи чонон аст дар фардо.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
308 дней назад 12.06.2013 22:10:38 Цитата('2657692','2657692','6','1673')">Сообщить о спаме

Рахмати Худованд абр шумо бародари  ахлиислом  Содикчон. Кудуми шумо муборак бошад аб ин даргох. Бисёр мисрахои олиро инчо коридед!


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


shahlo-m Отправить сообщение
Шаҳло Махмудзода(Идиева)
284 дня назад 07.07.2013 00:13:50 Цитата('2657692','2657692','6','1686')">Сообщить о спаме

Хоҳарам,
... Аз гилеми худ манеҳ поят бурун,
Раҳ мабар бар водии чаҳлу ҷунун...
Дар хиёбон чеҳрапардозӣ макун. 
Назди мардон хаймашаббозӣ макун 
Бо ҳазорон рангу ороиш макун,
Аз ҷавонон салби осоиш макун.
Зулфи худ аз чодарат берун марез,
Дар масири чашмҳо афсун марез.
Ёд кун аз оташи рӯзи маъод,
Турраи гесӯ мадеҳ дар дасти бод.
Хоҳарам охир, ту кӯдак нестӣ, 
Фоштар гӯям, арӯсак нестӣ. 
Хоҳари ман ин либоси танг чист?
Пӯшиши часпону рангоранг чист?
Хоҳарам, ин қадр таннозӣ макун, 
Бо усули шаръ лаҷбозӣ макун. 
Хоҳарам, эй ошиқи дини мубин,
Як назар азвоҷи Пайғамбар бибин!
Ин сару сина нишон додан чаро? 
Худ нишони ину он додан чаро? 
Хоби ғафлат ин чаро оҳанги туст?
Бадҳиҷобӣ, беҳиҷобӣ нанги туст.
Хоҳарам, тақлиди бединон макун, 
Душмани дини Худо розӣ макун! 
Хоҳари ман, фитнаангезӣ макун,
Бо усули дини худ бозӣ макун.
Дар умури хеш саргардон машав,
Наварӯси чашми номардон машав!
Аз Худо дам мезанӣ, ё аз гуноҳ? 
Пайрави шайтон шавӣ, рӯят сиёҳ! 
Хоҳарам, ин шеър аз сӯзи дил аст,
Пеши Аллаҳ русиёҳӣ мушкил аст.
Хоҳарам ту раҳрави Оиша бош! 
Тухми фитна бар сари Ислом мапош! 
Хоҳарам ту раҳрави Оиша бош!
Пайрави Заҳрову ҳам Осия бош!



---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.


Anonymous
шеър и исломи
206 дней назад 22.09.2013 09:57:30 Цитата('2657692','6546178','6','1709')">Сообщить о спаме

Илоҳи аз карам бар осиёнат лутфу эҳсон кун, 
Саводи номаҳоро шустушу дар баҳри ғуфрон кун. 
Макун шармандаи рузи чазо ин хоки осиро, 
Зи лутфи худ ба ин аҳли хичолат сатри исён кун. 
Ба бемори гунаҳ набвад ба чуз лутфи Ту доруе, 
Ҳакими ҳозиқи, бар дарди ҳар дармонда дармон кун. 
Ба вақти чон гирифтан деви малъун ҳамла меорад, 
Саломат бандагонро аз қариби шарри шайтон кун. 
Ба вақти қабз кардан чони ширин талхие дорад, 
Ба фазли хеш ё Раб, мушкили моро ту осон кун. 
Малаҳо дар лаҳад бо гурзи отатбор меоянд, 
Саволашро чавобаш бо савоб аз лутф фармон кун. 
Чу сабза сар кашад дар рузи маҳшар одами аз хок. 
Ба гармои қиёмат раҳм бар ин аҳли урён кун. 
Ҳаросон дидаҳо аз интизори номабахшиҳо, 
Зи фазли худ саъодатномаро бар дасти аймон кун. 
Надорам аз амал чуз маъсият ҳангоми санчидан, 
Тарозуро гарон аз фазли худ дар вазни мизон кун. 
Хуруши дузахи сузанда гар "ҳал мин мазийд" гуяд, 
Халос ин осиёни хастаро з-он нори сузон кун...

Имя Пароль
расширенный... ( / Регистрация )

Тема

В тексте можно использовать Wiki или HTML теги





Страница: [1] [2] [3] [4] [5] [6] [7] [8]

Кто на сайте?
Анонимные: 3, Зарегистрированные: 0 (?)

Жалоба | Размещено на MyLivePage | | Design by VladDeVille | © Kolobok smiles, Aiwan